Зимни як вохӯрӣ дар мавзӯи «Аз моратория ба бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо», ки рӯзи 16-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, чунин изҳори назар карда шуд, ки баргузор кардани раъйпурсии умумихалқӣ дар Тоҷикистон дар мавриди бекор кардани ҳукми қатл мувофиқи мақсад нест.
Аз ҷумла мушовири фонди ҷамъиятии «Нота Бене» Сергей Романов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки оид ба ин масъала фонд миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корпуси судӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ як назарсанҷӣ доир сохтааст. «Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки 62 дарсади пурсидашудагон ба ҷонибдории бекор сохтани ҳукми қатл, 31 дарсад ба ҷонибдории боқӣ мондани ин нгавъи ҷазо изҳори назар карда, 7 дарсади боқимонда мавқеи худро муайн карда натавонистанд», - гуфт вай.
Ба гуфтаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Зариф Ализода, моҳи апрели соли 2010 дар Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши ҷанбаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии бекор сохтани ҳукми қатл дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ соли 2012 то аввали соли 2013 фаъолият намуда, сипас пешниҳодоти худро ба президенти ҷумҳурӣ пешкаш мекунад.
Ализода ҳамчунин хотиррасон намуд, ки моҳи июни соли 2004 Қонуни ҶТ «Дар бораи боздошти истифодаи ҳукми қатл» ба тасвиб расид. Минбаъд ҳамчун алтернатива ба ҳукми қатл ба Кодекси ҷиноии ҶТ ҷазо дар шакли ҳабси абад ворид карда шуд.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ташаббус ва маблағгузории созмони Ислоҳоти байнулмилалии зиндонҳо (PRI), Институти Ҷомеаи кушода – Фонди мусоидати Тоҷикистон ва ҳукумати Швейтсария созмон дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста