Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд баста шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари қабулгоҳи мазкур Истадмурод Акрамов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, аз баста шудани қабулгоҳ ӯро роҳбарони мақомоти болоӣ огаҳ сохта, изҳор кардаанд, ки қатъи маблағгузорӣ аз ҷониби яке аз фондҳо боиси бастани қабулгоҳ шудааст.
Чанде аз чунин қабулгоҳҳо, ба гуфтаи Акрамов, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ баста шудаанд. Аммо Акрамов бар ин назар аст, ки қабулгоҳи Хуҷанд бо сабаби дигар баста шудааст.
«Дар шумораи №3-и ҳафтавори «Азия-Плюс» мактуби ман дар бораи маросими адои ҳаҷ дар соли 2011 ба табъ расида буд. Дар мактуб ман, ки худ соли равон маросими ҳаҷро адо намудам, дар бораи ҷой доштани содир гардидани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби як зумра мансабдорон зимни ташкили маросими адои ҳаҷ изҳори назар карда будам ва сабаби бастани қабулгоҳ шояд ҳамин бошад», - гуфт вай.
Акрамов ҳамчунин иброз дошт, ки қабулгоҳи ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд моҳи октябри соли гузашта ифтитоҳ гардида, моҳи декабр ба он утоқи корӣ ҷудо гардид. Дар муддати фаъолият ба қабулгоҳ 40 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардидааст, ки асосан ба масоили муносибат бо мақомоти гуногун, аз ҷумла сохтори қудратӣ дахл доштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста