Айни замон беш аз 3,3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ шаҳодатномаи гуреза дар қаламрави Тоҷикистонро доро мебошанд.
Ба гуфтаи масъули робита бо ҷомеаи намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон дар ҶТ Парвина Мунавварова, феълан раёсати мазкур дар маҷмӯъ ба 5 ҳазор нафар гурезагон ва ҷӯяндагони паноҳгоҳ ва ҳамчунин шахсони ба дастгириву ҳифзи байнулмилалӣ ниёзманд кӯмак мерасонад.
«Аксари гурезагон (тақрибан 90%) дар қаламрави Тоҷикистонро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд, - мегӯяд вай. – Як миқдори муайяни гурезагон ҳамчунин аз Қирғизистон, Эрон, Ироқ, Покистон ва Шри-Ланка низ ҳузур доранд».
Ӯ таъкид кард, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ бо қарори комиссияи махсуси назди Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин Вазорати тандурустӣ шомиланд, мақоми гуреза дода мешавад. «Дар ин комиссия Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон мақоми нозирро доро буда, оид ба масоили инфиродӣ машварат пешниҳод мекунад», - шарҳ дод Мунавварова.
Ба қавли Мунавварова, феълан дар қаламрави Тоҷикистон гурезагони сиёсӣ ҳузур надоранд ва таъкид кард, ки қарори пешниҳоди паноҳгоҳи сиёсӣ аз ҷониби президент қабул мешавад.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки мувофиқи муқаррароти қонунгузории ҶТ, шаҳодатномаи гуреза ба муддати се сол дода мешавад. «Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ин чаҳорчӯби муваққатии муҳлат бекор карда шавад, - иброз дошт ӯ. – Айни замон мақомоти қонунгузории кишвар лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи гурезагон»-ро мавриди таҳия қарор додааст ва умедворем, ки пешниҳодоти мо ба инобат гирифта хоҳад шуд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста