Чанд рӯз қабл дар шаҳри Роғун маросими расмии ифтитоҳи Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар шаҳри Роғун баргузор гардид.
Тавре котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Азиз Солиев хабар дод, дар маросими мазкур З.Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Шарипов Ш.Ф. Раиси шаҳри Роғун, намояндагони мақомоти Суд, Прокуратура, ШКД, Роҳбари ТБ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» Н. Ширинбекова, раисон, кормандони ҷамоатҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО иштирок намуданд.
«Дар доираи ифтитоҳи Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Роғун Мизи мудаввар дар мавзӯи «Шиносоӣ бо фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятӣ ҳамчун механизми ҳимоякунандаи ҳуқуқи инсон» баргузор гардида, барои иштирокчиён мақсад ва ҳадафҳои таъсиси Қабулгоҳи ҷамъиятӣ фаҳмонида шуд», - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки ин панҷумин Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад ва чунин қабулгоҳҳо дар шаҳрҳои Турсунзода, Қурғонтеппа, Хуҷанд ва ноҳияи Айнии Вилояти Суғд дар ҳоли ҳозир фаъолият доранд.
Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар самтҳои мусоидат ба барқароркунии ҳуқуқҳои вайронгардидаи шаҳрвандон, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, расонидани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ фаъолият менамояд.
Чорабиниҳо барои таъсиси чунин қабулгоҳҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дошта, ифтитоҳи онҳо дар ояндаи наздик дар шаҳрҳои Кулоб, Ишкошим ва Хоруғ дар назар дошта шудааст.
Ҳамаи хизматрасониҳои Қабулгоҳи ҷамъиятӣ ба тариқи ройгон амалӣ мегардад.
Қабулгоҳи ҷамъиятии мазкур бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва маблағгузории Вазорати рушди байналхалқии Бритониёи Кабир (DFID) тавассути ТБ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» ба муддати 2 сол амалӣ карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста