Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон: Институтҳо ва рушд» Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсон дар соли 2011, ки ба масоили нерӯи институтсионалӣ дар мавриди рушди инсонӣ бахшида шудааст, муаррифӣ шуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар маросими мазкур роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок карданд.
«Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсон аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи муштараки «Ворид намудани консепсияи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон» пешниҳод шудааст», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, мақсади асосии лоиҳа пешбарии консепсияи рушди инсонӣ дар ҳамаи сатҳҳо ва хусусан дар байни ашхосе масъули қабули қарор мебошад, то ки он ҳамчун заминаи маҳакҳои асосӣ барои муколамаи иҷтимоӣ ва таҳияи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон тасдиқ ва эътироф гардад.
«Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад», - афзуд манбаъ.
Бино ба маълумоти Гузориши Глобалӣ оид ба рушди инсон дар соли 2011, айни замон Тоҷикистон аз рӯйи индекси рушди имконоти инсон миёни 187 кишвари дунё мақоми 112-умро касб кардааст, аммо сатҳи даромад ба ҳар як сари аҳолӣ ба рейтини кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Бо вуҷуди ин тайи даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон тамоили мусбати рушди имконоти инсон боқӣ мондааст.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста