Дар Душанбе барои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Озодӣ аз шиканҷа ва дигар кирдору ҷазои золимона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор» семинар доир гардид, ки аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон созмон дода шуд.
Дар ҷараёни он коршиносон зикр карданд, ки истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон хусусияти доимӣ дошта, ҳукуматдоронро зарур аст, ки баҳри иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди ҷомеаи байнулмилалӣ чораҳои мушаххастаре биандешанд.
Моҳира Усмонова, раиси Ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, ба ҳодисаҳои зиёди кирдори золимона зимни боздошт, ба ҳабс гирифтан ва бозпурсӣ ишора карда, таъмин накардани дастрасии фаврии боздоштшуда ба адвокатро яке аз ин сабабҳо унвон кард.
«Бо чунин тарзи кор, бидуни гузаронидани тафтишоту амалҳои тафтишотӣ метавон кабинетро ҳам тарк накарда, тамоми ҷиноятҳоро ошкор намуд», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, барои тафтишоти далелҳои истифодаи шиканҷа мебояд як сохтори мустақилеро таъсис дод, ки кормандони амалкунанда ва собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳайати он шомил набошанд ва он дар назди ВКД, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомот ҷавобгӯ набуда, ба парлумон ҳисобот диҳад.
Намояндаи Amnesty International Рейчел Буглер изҳор кард, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон мавҷуд будани мушкилоти истифодаи шиканҷаро эътироф кардаанд ва ворид намудани моддаи ҷудогонаи «Шиканҷа» ба қонунгузории ҷиноӣ ва бекор кардани моддаҳои «Таҳқир»-у Туҳмат» дар Кодекси ҷиноӣ гувоҳи ин гуфтаҳост.
«Шиканҷа дар марҳилаҳои аввали боздошт барои ба даст овардани баёноти ба гуноҳ иқрор шудан ё бо мақсади тарсонидани хешовандони боздоштшуда ҷиҳати гирифтани даромад аз онҳо сурат мегирад», - гуфт вай.
Сармутахассиси шуъбаи кафолати конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Абдулло Солиев изҳор кард, ки масоили риояи ҳуқуқи инсон барои кишвар афзалиятнок маҳсуб ёфта, тамоми ҳисоботи марбут ба шиканҷа ва кирдори золимона, аз байн бурдани поймолкунии ҳуқуқи занон, Гузориши миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ва ғайра саривақт пешниҳод шудаанд.
Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр аз нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо шиканҷа ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «пешгирии ҳодиса ҳамеша аз мубориза бо оқибатҳои он хубтар аст».
Раҷабмо Бадриддинова, намояндаи Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳафт асноди байнулмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия бар зидди шиканҷаро эътироф намудааст.
«Соли 2011 ба Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба поймолкунии ҳуқуқи инсон дар масъалаи озод будан аз шиканҷа 5 муроҷиат ворид гардид. Дар тамоми муддати фаъолияти мо чунин муроҷиатҳо ба 19 адад расиданд. Тибқи якчанд далелҳо прокуратура тафтишот доир намуда, ин далелҳоро тасдиқ кард», - афзуд Бадриддинова.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста