Зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев изҳор кард, ки то имрӯз ба мақомоти судии ҷумҳурӣ парвандаҳои ҷиноии марбут ба моддаи нави 143, прим. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ – «Шиканҷа» парвандаҳои ҷиноӣ ворид нашудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ахири моҳи июн дар Пленуми Суди олӣ дар қатори дигар масоил, масъалаи истифодаи меъёрҳои қонунгузории ҷиноӣ ва мурофиавии ҷиноӣ оид ба мубориза бо шиканҷа низ танзим шуд.
Н.Абдуллоев гуфт, дар яке аз бандҳои қарори мазкур тавсия дода мешавад, ки дар сурати ба мақомоти судӣ ворид шудани шикоят аз истифодаи шиканҷа, суд бояд фавран онро баррасӣ намояд, вале агар барои санҷиши шикоят баргузории чорабиниҳое зарур бошанд, ки дар салоҳияти суд нестанд, шикоят ҷиҳати санҷиши дахлдор ба прокурор фиристода мешавад ва маводи санҷиши шикояту қарорҳои мурофиавии нисбати он қабулшуда дар ҷаласаи судӣ пешниҳод гардида, ба парванда илова карда мешаванд.
«То ворид шудани моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» ба Кодекси ҷиноӣ парвандаҳои марбут ба ин далелҳо мутобиқи моддаҳои дигар, аз қабили одамкушӣ, барқасдона зарар расонидан ба саломатӣ, то ба худкушӣ оварда расонидан, суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ ва ғайра баррасӣ мешуданд», - таъкид дошт Абдуллоев.
Дар ҳамин ҳол, дар робита ба шарҳи гузориши созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилалӣ (Amnesty International) дар бораи вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон, мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масоили ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов чунин ибрози андеша намуд: «Мо гузориши созмони Афви Байнулмилалиро эътироф намекунем. Дар баробари ин, мо инкор намекунем, ки дар Тоҷикистон мушкилоти шиканҷа вуҷуд дорад, вале ин ҷо сухан сари ҳодисаҳои ҷудогона меравад».
Ба қавли ӯ, ҳам дар замони Иттиҳоди Шӯравиву ҳам дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба масъалаи мубориза бо шиканҷа таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. «Ҳадаф аз ворид сохтани моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» ба Кодекси ҷиноӣ баҳисобгирии омории чунин ҷиноятҳо аст», - гуфт Давлатов.
Ёдрас мекунем, ки дар гузориши нави Amnesty Internationa l, ки рӯзи 12-уми июли соли равон интишор гардид, гуфта мешавад, «шиканҷа, латукӯб ва намудҳои дигари бадрафторӣ дар тавқифгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта, дар муҳити фарогири фасод ва бемасъулиятӣ рушд кардаанд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста