Зимни амалиёти махсус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тоҷикистон бояд ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад, - изҳор медорад созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch.
«Пас аз оғози амалиёти низомӣ барои дастгир намудани аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпешаи гумонбар ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар Бадахшон дар бораи даҳҳо тан ҳалокшудагону маҷруҳон хабар дода шуд», - гуфта мешавад дар изҳороти созмон.
«Вазъ дар ВМКБ изҳори нигаронии амиқеро ба бор меорад, - гуфт коршинос оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch Стив Свердлоу. – Ҳарду ҷонибро барои пешгирии таҳдиди минбаъда ба ҳаёти аҳолӣ мебояд чораҳои зарурӣ андешид».
Human Rights Watch хотирнишон месозад, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар марҳилаи фаъоли амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ 16 нафар хизматчиёни ҳарбии мақомоти қудратӣ, 30 тан аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва 2 нафар аҳолии осоишта ҳалок шудаанд. Сарчашмаҳои мустақил бошанд, дар бораи миқдори зиёди қурбониён миёни аҳолии осоишта хабар доданд. Human Rights Watch ба санҷидани ин маълумот имкон надошт. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки 40 тан аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша бо шумули 8 нафар шаҳрвандони Афғонистон боздошт шудаанд.
«Зимни ба ҳабс гирифтан ва баргузории дигар амалиёти марбут ба таъмини амният ҳукуматдорон бояд меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ оид ба истифодаи нерӯро риоя намоянд, - зикр мегардад дар изҳороти созмон. – Муқаррароти асосии СММ оид ба истифодаи нерӯ ва аслиҳаи оташфишон аз ҷониби макомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо мекунанд, ки дар ин ҳолатҳо қабл аз истифодаи нерӯ ва аслиҳаи оташфишон то ба ҳадди ниҳоӣ аз воситаҳои осоиштаи ҳалли мушкилот истифода шавад. Ин муқаррарот танҳо дар сурати «зарурати шадиди ҳифзи ҳаёт» ба кушодани оташ аз аслиҳаи оташфишон иҷозат медиҳанд».
Human Rights Watch ҳамчунин аз қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, иртиботи телефонӣ ва баста будани роҳҳо низ изҳори нигаронӣ кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста