Чанде қабл дар Женева Кумитаи СММ оид ба барҳам додани ҳама гуна навъҳои табъизи нажодӣ баррасии гузориши муттаҳидаи Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои қонунгузорӣ, судӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳо баҳри барҳам додани табъизи нажодиро ба итмом расонид.
Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, зимни суханронӣ дар назди аъзои Кумитаи СММ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев изҳор кард, ки бо аҳолии 7,8 млн. нафар дар ҷумҳурӣ 137 гурӯҳҳои этникӣ ба сар бурда, таъмини баробарии нажодӣ дар Сарқонуни кишвар дарҷ ёфтааст.
Вазир таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ аз рӯйи нажод, ҷинс, забон, мансубият ба миллат ва мазҳаб сиёсати қатъиро роҳандозӣ намуда, ба зоҳир гардидани бадбинӣ дар асоси нажоду мазҳаб тибқи қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи Р.Менглиев, ҳукуматдорони Тоҷикистон насли наврасро дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром гузоштан ба фарҳанги дигар халқу миллатҳо тарбия намуда, дар ҷумҳурӣ озодии баён ҳукмфармрст ва оҷонсиҳои иттилоотӣ бо забонҳои гуногун фаъолият доранд.
Коршиносони Кумитаи СММ ба ҳайати Тоҷикистон доир ба вазъи аққалиятҳои мазҳабӣ, ҳамкории ҳукумат бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ, тақдири муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, самаранокии фаъолияти сафорат ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти онҳо, аз ҷумла дар ҳифз аз табъизи нажодӣ саволҳо доданд.
Хулосаҳои коршиносони Кумитаи СММ оид ба вазъи табъизи нажодӣ дар Тоҷикистон ва тавсияҳои дахлдор дар ҷаласаи ниҳоии иҷлосияи мазкури Кумита рӯзи 31-уми августи соли равон пешниҳод мегарданд. Санаи 28-уми август Кумита роҷеъ ба масъалаҳои табъизи нажодӣ бар асари бадбинӣ муколамаҳо доир менамояд.
Қобили зикр аст, ки Кумитаи СММ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ аз 18 нафар коршиносон иборат буда, ҷиҳати назорати иҷрои Конвенсияи байнулмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми навъҳои табъизи нажодӣ таъсис дода шудааст.
Конвенсияи мазкур соли 1965 аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ қабул гардида, соли 1969 мавриди амал қарор гирифт. Марҳила ба марҳила 175 кишвари дунё, ки иштирокчии Конвенсияи мазкур мебошанд, дар назди Кумитаи СММ оид ба иҷрои талаботи ин санади байнулмилалии ҳуқуқӣ ҳисобот медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста