Дар ошёнаи чаҳоруми бинои мақомоти шаҳрдории Кӯлоб қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ расман ба фаъолият оғоз кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари қабулгоҳ Саидаҳмад Азизов хабар дод, қабулгоҳ фаъолияти худро ҳанӯз аз 1-уми сентябр оғоз намуда буд, вале ба иллати таъмир дар бинои ҳукумат, танҳо ҳамин рӯз ба ҳуҷраи корӣ ворид шудаанд.
Ба қавли вай, дар давраи «беамалии маҷбурӣ» ӯ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ семинари омӯзишӣ доир намуда, бо аҳолӣ мулоқотҳо доштааст ва тавассути телевизиони маҳаллӣ суханронӣ намуда, дар рӯзномаи минтақавии «Ҳақиқати Кӯлоб» низ мақола интишор сохтааст.
С.Азизов ноқулай будани ҷойгиршавии қабулгоҳ барои фаъолияти дифоъ аз ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, изҳор кард, ки миёни муроҷиаткунандагон метавонанд афроде ҳузур дошта бошанд, ки маҳз аз мақомоти шаҳрдорӣ шикоят доранд. «Ҳамчунин дар масъалаи низоми иҷозати вуруд ба бино низ метавонанд мушкилотҳо пайдо шаванд, лекин ёфтани дигар бино алҳол муяссарамон нагардид», - гуфт номбурда.
Саидаҳмад Азизов яке аз ҳуқуқшиносони соҳибтаҷрибаи Кӯлоб маҳсуб гардида, то соли 2002 дар мақомоти прокуратура ва тайи 10 соли ахир ба ҳайси мушовири ҳуқуқии муассисаи шабакаҳои барқ фаъолият дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста