Дар машварати Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Варшава оид ба иҷрои уҳдаориҳо доир ба ченаки инсонӣ мушкилоти мавриди шиканҷа қарор гирифтани боздоштшудагон ва айбдоршавандагон дар Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи густарда қарор гирифт.
«Айни замон дар Тоҷикистон таҷрибае маъмул шудааст, ки ба гумони айбдорӣ ба терроризм қариб дар ҳама ҳолатҳо пайравони мазҳаби ислом ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», - изҳор кард зимни суханронӣ директори ТҶ «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқ инсон» Сергей Романов.
Романов ҳамчунин гуфт, дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз нақзи ҷидди ҳуқуқҳои гумонбарон ба терроризм, боздоштҳои ғайриқонунӣ, истифода аз шиканҷа, мавҷуд набудани дастрасӣ ба ҳимоятгар, ба ваколатҳои барзиёд соҳиб шудани Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мавриди тартиб додани рӯйхати афроди гумонбар ба ифротгароиву терроризм ва дигар ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон изҳори нигаронӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, гумонбаршудагон шиканҷаҳои ҷисмонӣ, аз қабили пайвастани шиддати барқ ба ҷисм, оби хунук пошидан ба бадан дар фасли зимистон дар кӯча, бо сигарет сӯзонидани қисмҳои алоҳидаи бадан, таҷовуз ба номус, лату кӯб бо асбобҳои гуногунро аз навъҳои асосии шиканҷа номбар кардаанд. «Шиканҷаҳои равонӣ ба монанди таҳқири хешовандону наздикон дар ҳузури гумонбаршуда, таҳдиди аз хешовандон, аз ҷумла ҳамсари гумонбаршуда бадар овардани сарулибос ва аксбардории ӯ барои минбаъд дар Интернет гузоштани он ва ғайра низ истифода шудаанд», - гуфт Романов.
Ба қавли ин ҳомии ҳуқуқ, ба сифати воситаи шиканҷа аз дастгоҳҳои барқие чун «Сангтӯда» ва «Роғун» низ кор гирифта шудааст, ки ҳамчун асбоби аёнӣ дар дарсҳои физика истифода мегарданд. «Тафовути дастгоҳҳо дар он ифода меёбад, ки «Сангтӯда» шиддати ҷараёни пасттар дода, агар бо дастаи махсус дастгоҳи «Роғун»-ро тоб додан гиред, он ҷараёни мунтазами барқ тавлид мекунад», - баён дошт номбурда.
Дар робита ба мушкилоти мазкур мушовири лоиҳаи Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) оид ба пешгирии шиканҷа дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон Татяна Чернобил суханронӣ намуда, изҳор кард, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ба таъмини тафтишоти судии мунсифона қодир нестанд. Ӯ «ғайриимкон будани дастрасӣ ба кӯмаки ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»-ро таъкид кард.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста