Имрӯз дар шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева, ки иҷлосияи навбатии Кумитаи СММ зидди шиканҷа ҷараён дорад, ҳайати Тоҷикистон дар бораи иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа гузориш медиҳад.
Дар иҷлосияи мазкур гузориши як қатор кишварҳо дар бораи иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ таҳқиркунандаи шаъну шараф баррасӣ мешаванд.
Ҳайати Тоҷикистонро Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, Омбудсмен Зариф Ализода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Нурулло Орифов, раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов ва дигарон намояндагӣ мекунанд.
Гузориши алтернативӣ оид ба шиканҷа дар Тоҷикистонро ҳомиёни ҳуқуқ – Сергей Романов, Гулчеҳра Раҳмонова, Татяна Хатюхина ва Таҳмина Ҷӯраева пешниҳод хоҳанд намуд.
Гузориши мазкур давраи солҳои 2007-2010-ро дар бар мегирад. Гузориш аз ду қисм иборат аст. Қисмати аввал аз тафсири умумии қонунгузории ҶТ оид ба масоили пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа ва ҳамчунин асноди меъёрӣ-ҳуқуқии қабулшуда дар давраи солҳои 2007-2010 иборат буда, қисмати дуввум тадбирҳои андешида баҳри иҷрои мулоҳизаву тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаро дар бар мегирад.
Дар Гузориши миллӣ аз ҷумла зикр мегардад, ки «тарзи асосии пешгирии ҳодисаҳои шиканҷа аз ҷониби мансабдорони давлатӣ бо суистифода аз мақоми хизматӣ саривақт ошкор сохтани чунин ҳодисаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон аст».
«Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар давраи солҳои 2007-2009 барои суистеъмол аз мансаби давлатӣ 174 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 709 нафар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб карда шуда, мувофиқи аъмоли содиркардаашон ҷазо сазовор гирифтанд», - зикр мегардад дар гузориш.
Дар гузориш ҳамчунин дар бораи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки тӯли солҳои 2007-201 дар Тоҷикистон қабул гардидааст, низ маълумот дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста