Рӯзҳои 7-8-уми ноябр дар шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева намояндагони Тоҷикистон дар назди Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба ҷараёни иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф гузориш доданд.
То вохӯрии расмӣ бо аъзои Кумитаи СММ зидди шиканҷа Тоҷикистон гузориши марҳилавиро пешниҳод кард, ки дар он дастовардҳои асосии кишвар дар мубориза зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дарҷ ёфта буданд.
Эътилофи ТҒД зидди шиканҷа гузориши алтернативии худро пешниҳод кард, ки дар он мушкилоти асосӣ ва қонуншиканиҳо дар соҳаи таъмини озодӣ аз шиканҷа таҷассум гардида буданд.
Ба ҷуз ташкилотҳои тоҷикистонӣ, ҳамчунин як қатор созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Афви байнулмилал низ дар бораи вазъи марбут ба шиканҷа дар Тоҷикистон гузориш доданд.
Тибқи таҷрибаи маъмул, Кумитаи зидди шиканҷа як рӯз қабл аз вохӯрӣ бо ҳайати расмӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар мулоқот мекунад. Рӯзи 6-уми ноябр чунин вохӯрӣ пушти дарҳои пӯшида бо намояндагони ТҒД зидди шиканҷаи Тоҷикистон баргузор шуд.
Намояндагони Эътилоф ба аъзои Кумитаи зидди шиканҷа доир ба мушкилоти мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон, барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дастнорас будани боздид аз муассисаҳои ислоҳӣ ва доир кардани мониторинги мустақили онҳо, мавҷуд набудани ниҳоди мустақили ташхиси тиббӣ, омодагии ғайриқаноатбахши коршиносону табибон дар мушаххас сохтани осори шиканҷа, маҳдудияти фаъолияти ҳимоятгарон ба дастрасӣ бо боздоштшудагон ва шаҳодати тиббии боздоштшудагон аз замони дастгир шудан маълумот доданд.
Аъзои Кумита ба ҳодисаҳои афзудани шумори марг бар асари истифодаи шиканҷа ва парвандаҳои ҳалокшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмон Бобоев, Ҳамза Икромзода ва ҳамчунин роҳандозӣ нагардидани тафтишоти пурсамару мунсифонаи ин ҳодисаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, изҳор карданд, ки гунаҳкорони чанде аз ин ҳодисаҳо мавриди афв қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ба масъалаи истифодаи шиканҷа нисбати се нафар ноболиғон, ки шабона ба шуъбаи милиса оварда шуда, мавриди лату кӯб қарор гирифта буданд, низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Намояндагони Созмони Афви Байнулмилал оид ба мушкилоти истирдоди шаҳрвандон изҳори назар намуда, аз ҳодисаҳои афзудани шумори рабуда шудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, ки истирдоди онҳо бо қарори Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон манъ шуда буд, изҳори нигаронӣ намуданд.
Рӯзи 7-уми ноябр Гузориш дар бораи ҷараёни иҷрои Конвенсия зидди шиканҷа дар Тоҷикистонро прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода пешниҳод намуд. Зимни суханронӣ ӯ перомуни дастовардҳо ва роҳандозии ислоҳот дар бахши озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон маълумот дод.
Сипас суханронии гузоришгари Кумитаи зидди шиканҷа оид ба Тоҷикистон Ҷорҷ Тугуши сурат гирифта, ӯ аз ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва қабули моддаи алоҳидаи таъинкунандаи ҷазо барои шиканҷа изҳори хушнудӣ кард. Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки муҳлати ҷазои 5 соли маҳрумият аз озодӣ, ки тибқи ин модда пешбинӣ мешавад, ба вазнинии ҷазои дар моддаи 4-и Конвенсия дарҷёфта мутобиқат намекунад.
Пас аз суханронии ҷаноби Тугуши аъзои Кумитаи зидди шиканҷа ба ҳайати расмии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 савол муроҷиат карданд.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста