Дар Изҳороти нави Созмони афви Байнулмилал (Amnesty International), ки рӯзи 23-юми ноябр интишор шуд, зикр мегардад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон фаъолияти Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро қатъ намуданд, ки ин амал ангезаи сиёсӣ дорад.
Amnesty International бар ин назар аст, ки «Ампаро»-ро барои ҷамъоварӣ ва нашри маълумот дар бораи шиканҷаву дигар кирдори бераҳмона нисбати наваскарон ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ «гунаҳкор» донистаанд.
«Қатъи фаъолияти ин ташкилоти ҳомии ҳуқуқ бо баҳонаи «қонуншикании маъмурӣ» хусусияти аслии уҳдадориҳои Тоҷикистон оид ба дастгирии озодии баён ва маҷлисҳоро зери шубҳа мегузорад», - гуфтааст муовини директори барномаи Amnesty International дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Давид Диаз-Жоде.
Созмони Афви байнулмила ҳамчунин аз расидани хабар дар бораи зери таҳдиди манъи фаъолият қарор доштани боз ду созмони ғайриҳукуматӣ дар вилояти Суғд – ТҒД «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва «Аксент» низ изҳори нигаронӣ менамояд, ки ин ташкилотҳо низ ба қонуншикании маъмурӣ «муттаҳам» дониста мешаванд.
«Ба таъқиби ташкилотҳои ғайридавлатӣ хотима мебояд бахшид. Ҳукуматдорони Тоҷикистон бояд ба фаъолияти озодонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқи уҳдадориҳои байнулмилалии кишвар ва бидуни таъқиб кафолат диҳанд», - зикр мегардад дар изҳорот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста