Дар остонаи фарорасии Рӯзи байнулмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3-юми декабр таҷлил мегардад, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз давлат даъват ба амал овард, ки Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонад.
Дар изҳороти пахшшуда зикр мегардад, ки чунин иқдоми давлат эътирофи маъюбон ба сифати аъзои баробар ва комилҳуқуқи ҷомеа дар сатҳи милливу байнулмилалиро таъкид хоҳад кард.
Гуфта мешавад, тайи солҳои сипаришуда дар Тоҷикистон нисбат ба масъалаи риояи ҳуқуқи маъюбон тағйироти назарраси мусбат сурат гирифтаанд, ки дар ин қатор метавон аз қабули қонуни нав «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», тасдиқи Консепсияи миллии маълумоти инклюзивӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, Қоидаҳои таъмини маъюбон бо муолиҷа дар шифогоҳҳо, Қоидаҳои таъмини маъюбон бо воситаҳои техникии барқароркунӣ ва ғайра ном бурд.
«Тоҷикистон қариб тамоми маҷмӯи қарордодҳои байнулмилалии СММ дар бахши ҳуқуқи башарро ба имзо расонида, ҷонибдории худ ба риояи ҳуқуқи инсон дар ин ё он соҳаро таҷассум намуд, вале то ҳанӯз Конвенсия дар бораи ҳуқуқи иносн имзонашуда боқӣ мондааст», - омадааст дар изҳорот.
Зимнан зикр мегардад, ки Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби 154 кишвари дунё ба имзо расида, миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил онро танҳо Тоҷикистону Белорус ба имзо нарасонидаанд.
«Имзои Конвенсия ба татбиқи меъёрҳои дохилии риояи ҳуқуқи маъюбон мусоидат намуда, баҳри таъмину рушд ва ҳифзи ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии онҳо кафолатҳои иловагӣ муҳайё хоҳад намуд», - баён мегардад дар изҳорот.
Зери изҳорот ТҶ «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе, Лигаи занони маъюби «Иштирок», ТҶ «Чашмаи эҳсон», ТҶ «Падару модарони кӯдакони дорои мушкилот бо рушд»-и шаҳри Хуҷанд, «Хэндикап Интернейшнл» имзо гузоштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста