Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии торнамои «Раҳоӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон»-и Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон - www.notorture.tj баргузор гардид, ки фарогири созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорӣ мебошад.

Зимни суханронӣ дар маросими мазкур директори Бунёди ҷамъиятии «Нота Бене» Нигина Баҳриева таъкид намуд, ки фаъолияти якунимсолаи Эътилофи ТҒД зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз назарҳо дур намонд.

«Имсол мушкилоти шиканҷа ба таври кофӣ баррасӣ шуда, ба масъалаи муҳиму рӯзмарра табдил ёфт. Дар навбати худ, ин ба пешбурди чанде аз тағйирот дар қонунгузорӣ ва таҷрибаи амалияи ҳуқуқӣ дар кишвар имкон фароҳам овард», - иброз дошт номбурда.

Баҳриева ҳамчунин муҳим будани ба Кодекси ҷиноятӣ ворид кардани моддаи «Шиканҷа» ва аз забони президенти ҶТ мавриди интиқод қарор гирифтани шиканҷа дар таҷлили ҷашни Рӯзи милисаро таъкид дошта, зикр намуд, ки дар он сарвари давлат тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба «таҳаммулнопазирии комил» нисбати ин падидаи «нанговар» даъват кард.

«Ин аллакай эътирофи мушкилоти шиканҷа дар сатҳи олии давлат буда, ба ҳар кадоми мо имкон медиҳад, ки аз мақомоти давлатӣ ва мансабдорони ҷудогона риояи ҳуқуқи мазкурро, ки хусусияти мутлақ дорад, талаб намоем. Дар мубориза алайҳи шиканҷа овози ҳар як сокини кишвар муҳим аст», - зикр кард Баҳриева.

Муассисони торнамо изҳор карданд, ки дар саҳифаҳои он матолиби мавзӯӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷойгир шудаанд. «Торнамои мазкур хазинаи то ҷои имкон пурраи маълумот дар бораи вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон, инъикоси раванди амалигардии Дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015ро дар бар гирифта, инчунин ба кулли шахсоне, ки ба масоили озодӣ аз шиканҷа таваҷҷӯҳ доранд, чун сарчашмаи иттилоотӣ хидмат мекунад», - гуфтанд онҳо.

Директори Маркази мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» Сафо Сафаров зикр кард, ки дар Тоҷикистон ин ягона торнамоест, ки дар он иттилоот дар бораи мушкилоти шиканҷа, заминаҳои ҳуқуқӣ, асноди байнулмилалӣ ва дигар маълумоти зарурӣ гирдоварӣ шудаанд.

«Тӯли солҳои ахир ВАО-и Тоҷикистон ба вазъи риояи ҳуқуқ ба раҳоӣ аз шиканҷа бештар таваҷҷуҳ зоҳир месозанд. Аксаран медиа-гурӯҳҳо ва рӯзноманигорони мустақил ташаббускорони баррасии ин мушкилот дар ҷомеа мебошанд. Пас аз интишори мавод дар ВАО далелҳои ҷудогонаи тафтишоти истифодаи шиканҷа шурӯъ мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо ҷабрдидагон ба ВАО ҳамчун ба зинаи охирин барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ муроҷиат мекунанд», - изҳор кард ӯ.

Ба қавли С.Сафаров, мавҷуд будани торнамои ҷудогонаи иттилоотиву таҳлилии Эътилоф ва инъикоси густардаи мушкилоти шиканҷа дар ВАО-и гуногун ба муборизаи бештар фаъолона бо таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.

Қобили зикр аст, ки мақсади Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳамоҳангсозии кӯшишҳо ва талабот аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои ташаккули сиёсати таҳаммулнопазирии комил нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб дар кишвар, ҳамчунин бо назардошти меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа, мусоидат ба такмили қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқӣ мебошад.

Ҳамзамон риояи ҳуқуқи инсон ба озодӣ аз шиканҷа ҳангоми боздошт, ҷараёни тафтиши пешакӣ, таҳқиқ ва мурофиаҳои судӣ, инчунин дар муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ, инчунин риояи ҳуқуқи гурӯҳҳои ҷудогонаи осебпазир (занон, кӯдакон, даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ, сарбозон, ЛГБТ) аз афзалиятҳои Дурнамои Эътилоф мебошанд.

Дар марҳилаи кунунӣ 16 созмони Тоҷикистон ба Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа шомиланд: Авасто, Ампаро, Апейрон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир, Бунёди ҷамъиятии «Нота Бене», Дигнити, Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Имкониятҳои баробар, Коллегияи адвокатҳои ҷумҳуриявии «Сипар», Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд, Лигаи занҳои ҳуқуқшинос, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI», Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, Маркази ҳуқуқи кӯдак, Маркази ҳуқуқи инсон, Ҳуқуқи шаҳрванд.