Рӯзҳои 9-11 январи соли 2013 Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» барои ҳимоятгарон ва ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии озодӣ аз шиканҷа» семинар доир месозад. Дар ин чорабинӣ сарвари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева ба ҳайси тренер фаъолият мекунад.
Тавре аз ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» хабар доданд, семинар дар доираи лоиҳаи «Мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Шӯъбаи Ташкилоти Байнулмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ин давраи омӯзишӣ саҳмгузорӣ дар мубориза бар зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо, ҳимояи ҳуқуқии ҷабрдидагони шиканҷа ва пешбарии стандартҳои озодӣ аз шиканҷа дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқӣ мебошад.
Зимнан зикр гардлид, ки Дар ҷараёни семинар масоили фаъолият тибқи расмиёти махсуси Шӯрои ҳуқуқи инсон ва ирсоли шикоятҳо ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ, инчунин қонунгузории миллӣ ва санадҳои байнулмилалӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва ҳимояи ҷабрдидагон баррасӣ мешаванд. Ба ҷуз ин, таҳлили марҳилаҳои асосии иштироки ҳимоятгарон дар баррасии парвандаҳои марбут ба ҳолатҳои шиканҷа, аз ҷумла, алгоритми амалҳои пайдарҳами адвокат ҷиҳати ҳимояи ҷабрдидагони шиканҷа (дастгиркунӣ, тафтишоти пешакӣ, суд), маслиҳатдиҳӣ ва гузаронидани мусоҳибаҳо бо ҷабрдидагони шиканҷа ба нақша гирифта шудааст.
Дар анҷоми семинар иштирокдорон масоили густариши ҳамкории адвокатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятиро дар самти пешгирии шиканҷа баррасӣ мекунанд.
Маълумот: Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» созмони ҳомии ҳуқуқ буда, аз гурӯҳи адвокатҳои дорои иҷозатнома ва ҳуқуқшиносон иборат мебошад, ки манфиатҳои аҳли ҷомеаро ҳимоя мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста