Имрӯз дар Душанбе барои ҳуқуқшиносону ҳимоятгарони созмонҳои ҷамъиятӣ семинари серӯза ба кор шурӯъ намуд, ки дар он масъалаҳои механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии озодӣ аз шиканҷа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» Сергей Романов хабар дод, чорабинии омӯзиши баҳри саҳм гузоштан ба мубориза зидди шиканҷа ва кирдори бераҳмона дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди имконоти ҳуқуқшиносону ҳимоятгарон, ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон аз шиканҷа ва пешбурди меъёрҳои озодӣ аз шиканҷа дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқӣ созмон дода шудааст.
Ба қавли вай, дар семинар ба сифати мураббӣ директори Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева иштирок хоҳад кард. «Дар доираи семинар ба иштирокдорон асноди байнулмилалии ҳифзи ҷабрдидагон аз шиканҷа, тарзи фаъолияти тартиботи махсуси Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон, фиристодани шикоят ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва пешниҳоди гузориши қонунгузории миллӣ дар бахши пешгирии шиканҷа пешниҳод хоҳанд шуд», - гуфт Романов.
Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки дар анҷоми кори семинар баррасии масъалаи тақвияти ҳамкориҳо миёни ҳимоятгарону ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба масоили марбут ба пешгирии шиканҷа дар назар аст.
Семинар аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар доираи лоиҳаи «Мубориза зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Фонди мусоидат дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста