Созмони ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар робита ба истирдоди имконпазири пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» Умаралӣ Қувватов аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд.

Дар изҳороти чанде қабл пахшшудаи созмон зикр мегардад, ки дар сурати истирдод ба Тоҷикистон, мавриди шиканҷаву рафтори бераҳмона қарор гирифтани Қувватов аз эҳтимол дур набуда, ҳамчунин ба ӯ ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқи инсон, аз қабили дар ҳабс нигоҳ доштан бидуни ҳуқуқи мукотиба ва баррасии судии ғайримунсифонаи қазия таҳдид мекунанд.

«Агар Умаралӣ Қувватов ба ихтиёри Тоҷикистон супурда шавад, дар ин ҳолат ҳукуматдорони АМА мутобиқи ҳуқуқи байнулмилалӣ ба иҷро накардани уҳдадориҳои худ дар доираи манъи мутлақи шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона роҳ медиҳанд», - гуфта мешавад дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9-уми январи соли равон зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати истирдоди пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24», шаҳрванди ҷумҳурӣ Умаралӣ Қувватов дархост ирсол кардааст.

«Нисбати Умаралӣ Қувватов аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», - гуфт ӯ дар ин робита ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин масъала худдорӣ варзид.

Дар ҳамин ҳол, Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки дар сурати истирдоди шавҳараш ба ватан, ӯ мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор хоҳад гирифт. Ӯ ҷиҳати мусоидату кӯмак ба озодии шавҳараш ба Созмони  Афви Байналмилал (Amnesty International) муроҷиат намуд.

Ёдрас мекунем, ки Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Аморати Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт.

Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд. Бо назардошти созишномаи мазкур, эҳтимол меравад, ки дархости Тоҷикистон қонеъ карда мешавад.