Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи феврали соли равон Маърӯзаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) таҳия ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод карда шуд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, дар Маърӯза фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2012, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра мавриди таҳлил қарор гирифта, дар он 93 тавсияҳои дахлдор барои беҳтар намудани вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пешниҳод гардидааст.
Дар Маърӯза инчунин, таҳлили вазъи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, мушкилоти ҷойдошта дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, корҳои анҷомдодашуда доир ба барқарорсозии ҳуқуқҳои халалдоршуда, тавсия ва пешниҳодҳо оид ба роҳҳои ҳалли камбудиҳо ва норасоиҳои мавҷуда баён шудаанд. Хулосаҳо дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мониторингҳои гузаронидашуда, инчунин иттилооте, ки аз мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва васоити ахбори омма ба даст омадаанд, пешниҳод карда шудаанд.
Мақсади асосии Маърӯза ҷалб намудани таваҷҷӯҳи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешрафт ва мушкилоти ҷойдошта дар бахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, Маърӯза тақозо менамояд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда дар роҳи татбиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кардааст, чораҳои мушаххас андешанд.
Маърӯза, ҳамчунин барои дигар мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалии дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолиятдошта ва аҳли ҷомеа пешбинӣ шуда, дар шакли китоби алоҳида дар вақтҳои наздик бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ ба нашр мерасад.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста