Чанде қабл бо иштироки ҳайати бритониёӣ таҳти сарварии узви Палатаи Лордҳои Парлумони Британияи Кабир, баронесса Вивйен Стерн дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи маркази омӯзишӣ барои кормандони низоми иҷрои ҷазо дар заминаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия баргузор шуд.
Қобили зикр аст, ки Британияи Кабир баҳри таъмини маркази мазкур бо 10 таҷҳизоти компютерӣ ва мебел 15 ҳазор фунт стерлинг маблағ ҷудо кард.
Зимни суханронӣ дар ин маросим Вивйен Стерн изҳор намуд, ки дар саросари ҷаҳон муассисаҳои ислоҳӣ ба мушкилот мувоҷеҳанд ва кормандони ин бахш бояд ҳамеша донишу малакаҳои худро такмил диҳанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода таъкид дошт, ки ифтитоҳи марказ барои ҳама муфид буда, соли гузашта худи ӯ бо кормандон ин бахш якчанд тренингҳо доир намудааст ва аз серкории беҳад зиёди онҳо ба хубӣ воқиф мебошад.
Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Баҳром Абдулҳақов илова намуд, ки зимни машғулиятҳо дар марказ меъёрҳои байнулмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ҷорисозии он дар амал корбурд хоҳанд шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста