Дар Тоҷикистон Нақшаи миллӣ оид ба амалисозии тавсияҳои кишварҳои узви Шӯрои СММ дар робита ба Гузориши универсалии марҳилавии ҶТ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015 тасдиқ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҶТ хабар доданд, санади мазкур бо фармоиши президенти ҶТ аз 3 апрели соли 2013 ба тасвиб расидааст.
Нақшаи миллии нахустини кишвар дар ин самт ба таҳкими низоми миллии дифоъ ва пешбурди ҳуқуқи инсон тавассути чорабиниҳои махсус ва таваҷҷуҳ ба беҳбуди қонунгузорӣ ва таҷрибаи амалии он нигаронида шудааст.
«Тавсияҳои санади мазкур натанҳо ба таъмини риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии шаҳрвандон, балки ҳамчунин ба рушди кишвари мо аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ бо шумули тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани камбизоатӣ равона гардидаанд», - мутмаин аст директори ТҶ «Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҶТ Наргис Зокирова.
Тибқи Нақшаи миллии амал дар бахши ҳуқуқи инсон, муддати се соли минбаъд Тоҷикистонро зарур аст, ки рӯйи 106 тавсияҳои аллакай қабулшуда кор кунад (5-тои онро Тоҷикистон аллакай амалӣ намуд).
Ин тавсияҳо аз андешидани чораҳои зарурӣ оид ба таъмини озодии матбуот, қабули тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, такмили низоми гирдоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ дар бораи муҳоҷирати корӣ ва таҳияи стратегияи миллӣ дар бахши муҳоҷират, кафолати озодии мазҳаб, таҳияву коркарди механизми мустақили баррасии шикояти афроди маҳкумшуда, минбаъд андешидани тадбирҳо баҳри беҳбуди имконоти муассисаҳои ислоҳӣ, таҳкими чорабиниҳои мубориза бо шиканҷа ва ғайра иборатанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста