Ёвари Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон Иван Шимонович бар ин назар аст, ки дар ҳоли аз ҷониби Тоҷикистон баррасӣ шудани узвият ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ҳукумат бояд ба пешрафтҳои иловагӣ ҷиҳати беҳбуди вазъи риояи ҳуқуқи инсон муваффақ гардад.
Дар иттилоияи интишоршудаи Раёсати Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ зикр мегардад, ки ҳангоми сафари худ ба Тоҷикистон (22-юми май) Шимонович сатҳи огаҳии шахсони мансабдори давлатӣ дар бораи мушкилот ва камбудиҳо дар бахши ҳуқуқи инсонро мусбат арзёбӣ намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, вазирони корҳои хориҷиву дохилӣ ва адлия, Прокурори генералӣ, Омбудсмен ва ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф намудаанд, ки риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун таркибҳои муҳимтарини бунёди давлатӣ демократӣ, рушди иқтисод ва таҳкими сулҳу субот мебошанду дар ин самт то ҳанӯз корҳои зиёдеро мебояд анҷом дод.
«Вохӯрии ман бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандии дар ҳоли рушд қарордошта ва мушаххасан мавқеи худро ифодакунанда вуҷуд дошта, он дар бахши риояи ҳуқуқи инсон тасаввуроти возеҳ дорад ва дар ин самт метавонад саҳми босазо гузорад», - иброз доштааст ӯ.
Дар иттилоия ҳамчунин зикр мегардад, ки Шимонович аз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо механизмҳои ҳомии ҳуқуқи инсони СММ, бахусус сафари Гузоришгари вижаи СММ оид ба масоили шиканҷа дар соли 2012 ва Гузориши қаблии Кумитаи зидди шиканҷа истиқбол кардааст.
«Масъалаи шиканҷа муфассал баррасӣ шуда, барои муҳайё кардани имкони боздиди ман аз зиндон дар канори пойтахт дар муҳлати кӯтоҳтарин изҳори миннатдорӣ мекунам. Ман муҳимияти дастрасии кормандони Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ба тамоми муассисаҳои ислоҳӣ ва тасдиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа барои мониторинги мустақили муассисаҳои ислоҳиро таъкид кардам», - изҳор доштааст Шимонович.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста