Дар Анҷумани ҳифзи кӯдакони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки имрӯз кори худро оғоз бахшид, нақшаҳои минбаъдаи амали ҳукуматҳо ва шарикон ҷиҳати таъмини риояи ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маълулият, ки як бахши гурӯҳҳои аз ҳама осебпазир, маҳрум ва «ноаён»-и ҷомеа ҳастанд, баррасӣ мешаванд.
Анҷумани чаҳоруми ҳифзи кӯдакони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 1 то 3 август бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ гузаронида мешавад. Аз минбари баланди он боз ҳам зарурати пешбурди сиёсати фарогир (инклюзивӣ) тасдиқ карда мешавад. Аз тақвияти чораҳои дастгирии оилаҳо ва истифодаи муносибати инфиродӣ ҳама бурд мекунанд: кӯдакони дорои маълулият ва бидуни он, оилаҳои онҳо ва ҷомеа.
Муовини сарвазири ҶТ ва ҳамзамон раиси Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак Руқия Қурбонова ҳангоми ифтитоҳи расмии Анҷуман чунин ибрози назар кард:
- Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз нахустин конвенсияҳои байнулмилалие буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз истиқлолият ба тасвиб расонид. Айни замон Тоҷикистон дар самти тасвиби Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият қадам мегузорад, ки он тадбирҳои андешидаи моро барои роҳандозии хизматрасониҳои инклюзивӣ, сиёсат ва низоми фарогир тақвият мебахшад, то баҳраварии кӯдакони дорои маълулият аз ҳуқуқҳои худ ба монанди кӯдакони дигар таъмин карда шавад.
Дар навбати худ Мари Пйер Пуарйе, сарвари бахши минтақавии ЮНИСЕФ барои кишварҳои Аврупои Марказию Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфт, ки таҳияи чораҳои вокуниши байнисоҳавӣ барои тақвияти сиёсат, низом ва хизматрасонии инклюзивӣ беҳтарин воситаи таъмини дастгирии зарурӣ барои оилаҳо ва ҷомеа дар фаъолияти онҳо ҷиҳати фароҳамсозии имкон ба кӯдакони дорои маълулият ва кушодани иқтидори фитрии онҳо мебошад.
Ӯ аз ҳукуматҳо даъват ба амал овард, ки фаъолиятро дар самти имзо, тасвиб ва татбиқи муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият ҷоннок кунанд.
«Барои зиндамонӣ, рушд ва ҳимояти кӯдакони дорои маълулият мо бояд бо кӯшишҳои муштарак баҳри онҳо аз синни хурдсолӣ дастрасӣ ба хизматрасонии инклюзивиро таъмин кунем, то аз ҳуқуқи ба воя расидан дар муҳити ғамхоронаи оила бархурдор бошанд», - изҳор дошт хонум Пуарйе.
Иштирокдорони Анҷуман тавсияҳои зеринро пешниҳод карданд:
- Ба оилаҳо бояд хизматрасонии дахлдори соҳаҳои тандурустӣ, таҳсилот, таъмин ва ҳифзи иҷтимоӣ пешниҳод карда шавад, то ин ки онҳо нисбат ба кӯдакони дорои маълулияти худ ғамхорӣ карда тавонанд.
- Ба табъизи кӯдакони дорои маълулият аз ҷониби аъзои дигари ҷомеа, ҳамчунин шахсони масъули қабули қарор ва афроди таъмингари хизматрасониҳои гуногуни иҷтимоӣ бояд хотима бахшид.
- Татбиқи чорабиниҳо оид ба ҷамъоварии маълумоти қиёспазир ва дақиқ барои ҳамозангсозии банақшагирӣ ва тақсими захираҳо зарур аст. Барои он ки кӯдакон «аён» шаванд, онҳо бояд дар рӯйхатҳои дахлдор ба қайд гирифта шаванд.
Ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ба таҳияи сиёсатҳои муносиби иҷтимоӣ шурӯъ кардаанд, ки ба дастгирии оилаҳо равона шуда, ба онҳо имкон медиҳад, ӯҳдадории тарбияву ҳимояти кӯдаконашонро бевосита ба зиммаи худ гиранд ва ба муассисаҳои давлатии интернатӣ ҷойгир накунанд. Кӯдакони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо бояд аз ин гуна тадбирҳои сиёсати иҷтимоӣ бархурдор бошанд.
Дар ҷараёни Анҷуман намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули таҷриба карда, ӯҳдадориҳои дахлдорро мушаххас мекунанд. Намунаҳои мусбати фаъолияти кишварҳои дигар низ баррасӣ мешаванд. Асоси кори Анҷуманро ҳамчунин таҷрибаи кӯдакони дорои маълулият, волидони онҳо ва мутахассисоне, ки бо чунин кӯдакон бевосита кор мекунанд, ташкил медиҳад.
Дар ин Анҷуман, ки ҳар ду сол як маротиба гузаронида мешавад, намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳо: муовинони сарвазирон, вазирони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат, тандурустӣ, маориф, рушд ва дигар шахсони расмӣ, инчунин ваколатдорони ҳуқуқи инсон, вакилони парлумон, кормандони СММ, Кумитаи Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои одамони дорои маълулият, коршиносон, кӯдакони дорои маълулият ва оилаҳои онҳо, намояндагони созмонҳои одамони дорои маълулият ва ташкилотҳои ҷамъиятию байнулмилалӣ иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки созмондиҳандагони Анҷуман дар арафаи баргузории он нишасти хабарӣ доир карда, зимнан изҳор доштанд, ки аснои ин ҳамоиши байнулмилалӣ таҳияи тадбирҳои мушаххас дар самти тақвияти ӯҳдадориҳои кишварҳо ҷиҳати риояи муассири ҳуқуқҳои кӯдакони маълул дар назар аст.
Дар ин брифинг Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лайлӣ Моширӣ аз сатҳи хамкорӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар ҳалли мушкилоти кӯдакони дорои маълулият изҳори қаноатмандӣ кард:
Лайлӣ Моширӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки барои коҳиши сатҳи доғгузориву табъиз дар ҷомеа нисбат ба кӯдакони маълул ва баланд бардоштани огоҳии мардум нақши воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ҷамъиятӣ хеле муҳим аст:




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста