Бунёди “Шараф ва мардонагӣ” (“Честь и мужество”)-и Санкт-Петербурги Русия Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”-ро, ки ахиран бо панҷ иттиҳодияи эҷодию илмии Тоҷикистон вориди як баҳси додгоҳӣ шудааст, бо ордени “Шараф ва мардонагӣ” сарфароз гардонд.
Ин орден аз Санкт-Петербург ба дасти Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон расида, сипас ба хонум Тутубалина тақдим шудааст.
Ин орден дар ҳоле ба Олга Тутубалина дода мешавад, ки ӯ дар пайи нашри як матлаб ба додгоҳ кашонда шудааст. Панҷ иттиҳодияи эчодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомонии ӯро талаб намуданд.
Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш аз суханони Владимир Ленин, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе, ки қаблан даъвои зиёиёнро ба далели русӣ будани матни он рад карда буд, рӯзи 10-уми октябр ба баррасии он идома хоҳад дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста