Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Зимни шарҳи тағйиру иловаҳои Кодекси мазкур ба вакилони парлумон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор дошт, ки онҳо пеш аз ҳама барои сабук гардонидани шароити афроди ба ҳабси абад маҳкумшуда равона шудаанд.
«Мувофиқи тағийрот, акнун ба ин афрод дар давоми як сол ба 4 маротиба гирифтани бастаи ирсолии маҳсулоту лавозимот, 4 маротиба қабули бастаи интиқолӣ ва 2 маротиба дидор бо наздикон иҷозат дода мешавад. Қаблан муқаррароти мазкур мутаносибан 2 дафъа гирифтани бастаи маҳсулот ва 1 мулоқот бо пайвандонро пешбинӣ мекард», - гуфт вазир.
Бино ба иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 60 нафар дар шакли ҳабси абад адои ҷазо мекунанд.
Дар ҷаласаи парлумон ҳамчунин ба қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба навъҳои ҷудогонаи фаъолият» тағйироту илова ворид гардид, ки тибқи он минбаъд ба роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар бахши истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон иҷозат дода намешавад.
Вакилон ҳамчунин аз пешниҳоди ҳукумат дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Суғд», «Ишкошим» ва «Данғара» ҷонибдорӣ намуданд. Мувофиқи тағйирот, аз ин ба баъд муовинони роҳбарони МОИ аз ҷониби вазири рушди иқтисодӣ ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд. Қаблан ҳукумат чунин ваколат дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста