Як гурӯҳи коршиносон омодаанд, ки ба хизматчиёни ҳарбии аз садамаи қатораи Душанбе-Хуҷанд дар Ӯзбекистон осебдида кӯмак кунанд.
Дар иттилоияи имрӯз интишоргардидаи ин гурӯҳ зикр мешавад, ки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бахши низомӣ, аз замони оғози хизмати ҳарбӣ, яъне аз замони ҳозир шудан ба комисариати ҳарбӣ барои фиристодан ба хизмати ҳарбӣ шаҳрванд мақоми хизматчии ҳарбиро соҳиб шуда, ин наваскарон дар қатора ҳузурдошта мақоми хизматчии ҳарбиро доранд.
Дар иттилоия таъкид мегардад, ки агар ин наваскарон бар асари ҷароҳати бардошта пеш аз муҳлат аз хизмати ҳарбӣ рухсатӣ шаванд, пас ба ҷуброни зарар – кӯмакпулии якдаъаина низ ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки айни замон беш аз 1,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар иттилоия гуфта мешавад, дар сурати ҷароҳати вазнин бардоштан ё маъюбӣ дар ин садама, ин наваскарон бояд рухсатии пеш аз муҳлат аз хизмати ҳарбиро талаб намоянд. «Дар ин ҳолатҳо мо, гурӯҳи ҳуқуқшиносоне, ки дар расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо аз таҷрибаи ғанӣ бархӯрдорем, ба расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба онҳо омодаем», - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин рақами телефонҳо барои тамос зикр шудааст, ки чунинанд: +992 92 815 16 46, +992 92 815 01 75, +922 92 880 64 16.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста