Имрӯз дар кишвар маъракаи интихоботӣ аз соати 6-и субҳ оғоз ефта, то ҳол идома дорад. Аз пурсиши видеоие, ки хабаргузории «Азия-Плюс» доир кард, маълум мешавад, ки аксари овоздиҳандагон танҳо дар бораи номзади ягонаи Ҳизби халқӣ-демократӣ, раисҷумҳури феълии кишвар Эмомал ӣ Ра ҳ мон маълумот доранд.
Сурайё Шарипова, ки дар қитъаи раъйдиҳии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт овоз медод, гуфт: «Ман ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз додам, чунки ӯ кишварро ба сулҳ овард. Номзадҳои дигарро намешиносам».
Раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ, ки бо аҳли оилааш ба овоздиҳӣ омада буд, гуфт, райъи худро ба Эмомалӣ Раҳмон дод, чунки ӯ кишварро озод ва обод намудааст. «Боварӣ дорам, ки Эмомалӣ Раҳмон дар 7 соли ояндае, ки президент интихоб мешавад , боз ҳам кишварро ободтар мекунад».
Шоир Абдулҳамид Самадов, ки раисии қитъаи мазкурро ба ӯҳда дорад, мегӯяд, ки интихобот шаффоф мегузарад. «Дар қитъаи мо 1 ҳазору 960 шаҳрванд ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо фаъолона омада, райъи худро дода истоданд».
Дар ин интихоботи президенти Тоҷикистон имсол шаш номзад – Эмомалӣ Раҳмон, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Саидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократ, Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ сабти ном шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста