Аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр дар Тоҷикистон таҳти унвони «16 рӯз алайҳи хушунати хонаводагӣ» як аксия доир мегардад, ки ба беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ аз мушкилоти хушунати хонаводагӣ дар партави қабули қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» нигаронида шудааст.
Чорабинӣ аз ҷониби Лоиҳа оид ба пешгирии хушунати хонаводагӣ (PDV) бо дастгирии молиявии ҳукумати Швейтсария, ки онро филиали GOPA-и Олмон амалӣ месозад, гузаронида мешавад.
Дар доираи аксия баргузории як қатор чорабинҳои маърифатӣ ҳам дар сатҳи маҳалливу ҳам дар сатҳи ҳукуматӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбеву Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтару Вахш дар назар аст, ки дар онҳо намояндагони мақомоти маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, арбобони ҳунару рӯзноманигорон ширкат хоҳанд варзид.
Дар ин давра дар мавзӯи мушкилоти хушанати хонаводагӣ дар Тоҷикистон як қатор конфронсу мизҳои гирд доир гардида, рӯзи 10-уми декабр аксия дар шаҳри Душанбе бо маросими тақдими мукофотҳо ба ғолибони озмуни PDV барои маводи беҳтарини ВАО хотима меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста