Модари маҳбуси 21-сола Олим Шоев, ки дар муассисаи ислоҳии №3/4 (бештар маъруф бо «колония»-и 1-ум дар Советский») адои ҷазо мекунад, ба идораи ОИ «Азия-Плюс» омада, аз он шикоят кард, ки писараш мавриди лату кӯби кормандони муассиса қарор гирифтааст.
«Ин ҳодиса рӯзи 18-уми ноябр ба вуқӯъ пайваста, писарам тавассути телефон ба ман хабар дод, ки чор нафар кормандони муассиса бидуни сабабе, танҳо барои хоҳиши ба бар кардани куртка баъди аз рентен гузаштан ӯро лату кӯб кардаанд», - гуфт модари маҳбус.
Рӯзи дигар тағои Олим бо ӯ вохӯрда, дар рӯи Олим осори захму лату кӯбро мебинад ва мегӯяд, ки ӯ базӯр роҳ мерафт, вале ба аз назар гузаронидани тамоми ҷисмаш ба ӯ иҷозат надодаанд.
Баъди шикоят ба КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар мақомот, прокуратура ҳолатҳои ин ҳодисаро санҷида, маълумот додааст, ки дар ҷисми Шоев ҷароҳатҳои сабук мушоҳида шудаанд, ки ба ҳаёт ва саломатӣ безараранд, вале модари маҳбус мегӯяд, ки «онҳо барои баргузории ташхиси мустақил талош хоҳанд варзид».
Номбурда ҳамчунин гуфт, хоҳони он аст, ки мақомоти дахлдори давлатӣ ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода, афроди гунаҳкор муҷозот шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста