Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузории лоиҳаи минтақавиро бо номи "Иқдомҳо бар зидди шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон" таҳти барномаи “Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон” (САДҲИ), ки 1 156 690 евроро ташкил медиҳад, оғоз намуд.
Дар иттилоияи расмии намояндагии ИА дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки вазифаи умумии иқдоми пешниҳодшуда аз саҳм гирифтан дар решакан кардани шиканҷа ва дигар шаклҳои бадрафторӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон иборат мебошад. Иқдоми мазкур созмонҳои ҷамъиятиро аз Осиёи марказӣ ва ИА, ки ҳадафи муштаракшон ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа мебошад, ба ҳам меорад. Шарикони лоиҳа инҳоянд: Бунёди ҳуқуқи инсони Ҳелсинки – Полша (шарики роҳнамои лоиҳа); Идораи байналмиллали ҳуқуқи инсон ва волоияти қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон; Бунёди ҷамъиятии Нота Бене (Тоҷикистон) ва Шарикии байналмиллалӣ баҳри ҳуқуқи инсон (Белгия). Эътилофҳои СҒҲ алайҳи шиканҷа аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон низ дар татбиқи фаъолиятҳои лоиҳа иштирок мекунанд.
Иқдоми 30 моҳа фаъолиятҳои мухталифро пешбинӣ менамояд, ба монанди эҷоди зарфият, ҳамоҳангсозӣ ва барқарор кардани робитаи корӣ дар байни СҒҲ, ки дар бахши мубориза алайҳи шиканҷа фаъоланд; кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон; фаъолиятҳои вобаста ба дифоъ ва пуштибонӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ барои мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии марбут ба озодӣ аз шиканҷа, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи мушкилоти шиканҷа дар байни ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон.
Бо назардошти имкониятҳои фарогири иқдом ва доираи васеи бозигароне, ки дар татбиқи он ширкат мекунанд, интизор меравад натиҷаҳои системӣ, ба монанди баланд рафтани сатҳу самаранокии таҳқиқоти парвандаҳои марбут ба шиканҷа; фарогирии теъдоди бештари нафарони шиканҷадида, ки аз кӯмаки тиббӣ, равонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ ва воситаҳои дифои ҳуқуқӣ баҳраманд мешаванд, барқарорсозии ҳуқуқи қурбонӣ ба ёрии ҳуқуқӣ, афзоиши зарфияти созмонӣ, таҳқиқотӣ ва гузоришдиҳии СҒҲ, ба даст оянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста