Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода ба дархости вохӯрии такрории Зайд Саидов бо ӯ барои он расидагӣ накардааст, ки он расман пешниҳод нашуда будааст.
«Дар бораи хоҳиши такроран бо ман мулоқот кардани ӯ дар ВАО хабарҳо нашр шуданд, вале ба мо на аз ӯву на аз адвокатҳояш дар ин бора мактуби расмӣ нарасидааст», - иброз дошт зимни нишасти хабарӣ Зариф Ализода.
Аммо адвокатҳои Зайд Саидов ба ВАО хабар дода буданд, ки соҳибкор тавассути маъмурияти тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба унвони Омбудсмени Тоҷикистон оид ба вохӯрии такрорӣ дархост фиристодааст.
Зикр гардида, буд, ки дар тамоми муддати боздошту ҷараёни тафтиши парванда Зариф Ализода танҳо як маротиба, баъди 5 рӯзи боздошт бо соҳибкор мулоқот кардааст. Он замон Саидов мусоидат намудан ба вохӯрӣ бо адвокаташ бо ӯ «як ба як» бидуни маҳдудиятро дархост карданӣ будааст.
Ализода иштироки намояндаи дастгоҳи Омбудсмен дар тамоми мурофиаҳои судии Зайд Саидовро хотиррасон намуда, зикр кард, ки мурофиа қонунӣ сурат гирифта, ҳамаи се адвокати соҳибкор ба озодона савол додану пешниҳоди далелҳо ба ҳимояи Саидов ҳуқуқ доштанд.
Ёдрас мекунем, ки сенаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба муҳлати 26 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста