Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон» Раҳматилло Зойиров ба маълумоти ахири намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқ (Омбудсмен)-и Тоҷикистон дар бораи зиндаву саломат будани маҳбус Маҳмадраҳим Саидов шубҳа дорад.
Ду рӯз қабл бо такя ба маълумоти сарчашмаи худ Зойиров дар бораи марги маҳбус бар асари сардӣ дар ҳуҷраи ҷаримавии муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Душанбе хабар дода буд. Худи ҳамон рӯз корманди дастгоҳи Омбудсмени Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев аз тавқифгоҳи муваққатии №9/1 ва муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и пойтахт боздид намуда, шахсан эътимод ҳосил кард, ки дар он ҷо ҳеҷ кас аз сардӣ ҳалок нашудааст. «Дар он ҷо ҳатто аз утоқҳои кории мо гармтар буда, дар робита ба таъмини ғизову сарулибос ҳеҷ мушкилие ҷой надорад», - иброз дошта буд номбурда.
«Ман ному насаби шахсеро, ки ба ман дар ин бора маълумот дод, ифшо намесозам, вале гуфта метавонам, ки ин шахс бевосита корманди ҳамин муассисаи ислоҳӣ аст. Дар мавриди он ки намояндагони дастгоҳи Омбудсмен далели марги маҳбусро тасдиқ накардаанд, ин ҳанӯз чизе нест, зеро шояд ба ӯ на маҳбус Маҳмадраҳимсаид Саидовро, ки эҳтимол дар ҷаримагоҳи маҳбас аз сардӣ фавтидааст, балки тамоман каси дигарро нишон дода бошанд. Шояд ин ҷо боз чизи дигаре бошад. Ман ба сарчашмаи маълумоти худ эътимод дорам, аз ин рӯ, ин масъала ҳоло ҳам кушода боқӣ мемонад», - гуфт Зойиров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста