Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии бидуни табъиз, ки бори нахуст дар саросари олам 1 марти соли 2014 ҷашн гирифта мешавад, 27 феврали соли ҷорӣ дар дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон, бо ташаббуси ташкилоти ЮНЭЙДС ва дастгирии техникии Лоиҳаи муштараки СММ оид ба адвокатсияи ВНМО/БПНМ баргузор мегардад.
Тавре ҳамоҳангсози барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО/БПНМ (ЮНЭЙДС) дар Тоҷикистон Улуғбек Аминов хабар дод, дар ҷараёни чорабинӣ, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу маҳаллӣ, намояндагони ташкилотҳои системаи СММ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисон оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, инчунин коршиносон аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил масъалаҳои чӣ тавр бояд доғдоркунӣ ва табъизро, ки барои мубориза бо БПНМ дар саросами олам мушкилӣ меорад, бартараф намуд; вазъият дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Тоҷикистон чӣ тавр аст; чӣ тавр метавон ба нафароне, ки гирифтори беморӣ ҳастанд ёрдамк намуд, то онҳо бе тарс барои кӯмак муроҷиат намоянд; пайдоиш ва оқибаҳои табъиз дар ҷомеа-чӣ бояд кард; нақши ВАО дар халли ин масъала ва амсоли онро мавриди баҳс қарор медиҳанд.
Санаи 1-уми декабри соли 2013 аз ҷониби Директори иҷроияи ЮНЭЙДС Мишел Сидибе ва лауреати мукофоти Нобел, сафири кулли ЮНЭЙДС оид ба масоили паст намудани доғдоркунӣ ва табъиз До Аун Сан Су Ҷи, маъракаи Умумиҷаҳонии «Бидуни табъиз» шурӯъ гардид. Дар чаҳорчӯбаи маъракаи мазкур, 1 марти 2014 чун Рӯзи байналмилалии бидуни табъиз эълон гардид. Сурати парвона чун рамзи рӯзи мазкур интихоб шуд ва ин рамз тағйирот ва дигаргунӣ дар ҷомеаро таҷассум менамояд. Умедворем, ки ин санаи нав имкониятҳои зиёдеро баҳри ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷамъият ба масъалаҳои доғдоркунӣ ва табъиз мутааллиқ ба ВНМО фароҳам меорад ва барои расидан ба ҳадафи «Бидуни табъиз» мусоидат мекунад.
Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии бидуни табъиз 27 феврали соли ҷорӣ дар дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон бо суроғаи: ш Душанбе, кӯчаи Айнӣ 39 баргузор мегардад. Оғози чорабинӣ аз соати 9:45.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста