Рӯзҳои 9-12 июни соли 2014 Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо шарикии Дафтари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ва Маркази ҳуқуқӣ инсон барои табибони рӯҳшинос, мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ, судяҳо, кормандони додситонӣ ва адвокатҳои ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои Протоколи Истанбул омӯзиш мегузаронанд.
Бино ба иттилои сомонаи Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, иштирокчиёни тренинг тӯли чор рӯз ба ду гурӯҳ (табибон ва хуқуқшиносон) ҷудо шуда, бо асосҳои тафтиши далели истифодаи шиканҷа ва ҳамчунин бо меъёрҳои байналхалқии гузаронидани ташхиси судии тибии ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷа ва санадсозии далели шиканҷа шинос мешаванд.
Гуфта мешавад, кормандони Созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон», ки яке аз муаллифону таҳиягарони Протоколи Истанбул, мебошанд, дар омӯзиши мазкур вазифаи коршиносонро ба дӯш доранд. Чунин омӯзишҳо қаблан дар Қирғизистон, Қазоқистон ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон, ки меъёрҳои Протоколи Истанбул ба қонунашон ворид гардида дар амал истифода мешаванд, гузаронида шуда буданд.
Протоколи Истанбул дастури самараноки тафтиш кардану санадсозии далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву муҷозот мебошад. Дар он принсипҳои роҳбарикунандаи баҳогузории вазъи ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷаву муносиботи бераҳмона, ҳамчунин пешниҳоди натоиҷи чунин баҳогузорӣ аз ҷониби мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки барои тафтиши далелхои шиканҷа масъуланд, зикр ёфтаанд.
Протоколи Истанбул – ин натиҷаи заҳмати сесолаи кори таҳлилии 75 коршиноси соҳаи тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 40 ташкилоту муассисаи 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд. Соли 1999 санади мазкурро СММ ба мақсади ба мамлакатҳо додани дастури амалии санадсозии самараноки далелҳои шиканҷа қабул кардааст. Протоколи мазкур имкон медиҳад, ки далелҳои шиканҷа ва муносиботи бераҳмона ба хотири таъмини адолати судӣ ошкору ифшо карда шаванд.
Принципҳои протокол (ҳамчун «Принципҳои Истанбул» маъруф аст) таҳияи меъёрҳои ҳадди ақалро дар бар мегиранд, ки одатан аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар қазияҳои миллӣ ва байналмилалӣ барои баҳогузории собит кардани шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи ҷисмониву равонӣ истифода мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста