Бо ташаббуси сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон оид ба масъалаи пешгирии зӯроварӣӣ шаҳвонӣ дар низоъҳо мизи гирд доир мегардад.
Тавре аз сафоратхонаи Бритониёи Кабир хабар доданд, ташаббуси пешгирӣ намудани зӯроварии шаҳвонӣ дар мавриди муноқишаи мусаллаҳона соли 2011 аз тарафи Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Бритониѐи Кабир Виллиам Ҳейг ва вакили махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) марбут ба кор бо гурезагон Анҷелина Ҷоли пиѐда карда шуд. Саммити глобалӣ оиди бартараф кардани зӯроварии шаҳвонӣ дар мавриди муноқишаи мусаллаҳона дар Лондон баргузор мегардад. Вале ҳамаи сафоратҳои Шоҳигарии Бритониѐ, ки дар дигар гӯшаву канори дунѐ фаъолият мекунанд, низ ин саммитро дар рӯзҳои гуногун, аз 10-ум то 13-уми июни соли 2014 баргузор менамоянд. Чунин чорабинии глобалӣ намояндагони давлатҳое, ки Декларатсияи СММ оид ба бартараф намудани зӯроварии шаҳвонӣ дар мавриди муноқишаи мусаллаҳона ҷонибдорӣ намуданд, ҷамъ меоварад.
Бо ҳадафи ҷонибдорӣ намудани чунин ташаббуси глобалӣ, Сафорати Бритониѐи Кабир дар Душанбе 11-уми июни соли 2014 дар бинои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо чорабиниеро баргузор менамояд. Чорабинӣ бо суханони пазироии Сафири Алоҳазрат Малика Елизаветаи II ҷаноби Робин Орд-Смит ифтитоҳ мешавад. Иштироккунандагони чорабинӣ аз Вазорати корҳои хориҷӣ, дафтари Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ, СММ оид ба Занон донишҷӯѐни донишгоҳи славянии Руссия ва Тоҷикистон, намаояндагони Кумитаи оид ба Дин, намояндаҳо аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва инчунин занҳои тоҷик, ки шоҳидони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон буданд, даъват шуданд.
Ойниҳол Бобоназарова дар бобати қисмати занони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маърӯзаеро пешниҳод менамояд.
Пешниҳодҳои калидии аз мубоҳиса ба даст омада ба Саммити глобалии Лондон пешкаш мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста