Дар рейтинги Барномаи рушди СММ таҳти унвони «Рушди инсонӣ дар соли 2014» (Human Development Report) Тоҷикистонро мавқеъашро аз даст дод.
Тибқи маълумоти гузориши нав, дар ин рейтинг миёни 187 кишвар Тоҷикистон мақоми 133-юмро касб кардааст. Дар рейтинги соли гузашта Тоҷикистон дар зинаи 125-ум қарор дошт.
Кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ зинаҳои зеринро ишғол намудаанд: Туркманистон – 103-юм, Ӯзбекистон – 116-ум ва Қирғизистон – 125-ум.
Норвегия, Австралия, Швейтсария, Нидерланд ва ИМА дар садри рейтинг қарор дошта, зинаҳои охирро Серра-Леоне, Чад, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Конго ва Нигер ишғол кардаанд.
Индекси рушди инсонӣ нишондиҳандаи маҷмӯии сатҳи рушди инсон дар кишвар мебошад, аз ин рӯ, онро ба сифати ҳаммаънои мафҳумҳое чн «сифати зиндагӣ» ва «сатҳи зиндагӣ» низ истифода мекунанд. Дар индекс дастовардҳои кишвар дар беҳбуди вазъи солимӣ, дастрасӣ ба маълумот ва даромади воқеии шаҳрвандон арзёбӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста