Рӯзҳои 28-29-уми август дар Душанбе дар доираи амалисозии лоиҳаи «Тадриҷан бекор намудани ҳукми қатл ва роҳандозии чорабиниҳои башардӯстона баъди ҷорӣ намудани манъи ҳукми қатл ё пурра бекор кардани он»-и Иттиҳоди Аврупо барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ дар мавзӯи «Тарзҳои равонии кор бо маҳбусони маҳкум ба ҳабси абад» тренинг доир гардид.
Тавре аз намояндагии Итттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, тренинг аз ҷониби Намояндагии Penal Reform International (Ислоҳоти байнулмилалии зиндонҳо) дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар бинои Маркази такмили ихтисоси назди Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
«Дар тренингҳо ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҳолатҳои душвори муколама бо маҳбусон, дарёфти тарзу воситаҳои бештар созандаи робита, мушкилоти ҳолати эҳсосии кормандоне, ки бо маҳбусони ба муҳлати зиёди зиндон ё ба ҳабси абад маҳкумшуда сарукор доранд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон на камтар аз 50 нафар ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Дар кори тренинг кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ ва коршиносони байнулмилалӣ аз Русия иштирок карданд.
Таври маълум, тайи 50 соли ахир дар саросари ҷаҳон тамоили аз байн бурдани ҳукми қатл ва маҳдуд сохтани соҳаҳои истифодаи он ба мушоҳида мерасад. Бо назардошти тамоили мазкур, соли 2004 Тоҷикистон ба ҳукми қатл моратория эълон кард. Соли 2010 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ фаъолияти ба пурра бекор кардани ҳукми қатл равонашударо ҳамчун яке аз афзалиятҳо тасдиқ намуд. Худи ҳамин сол бо фармони президенти Тоҷикистон оид ба омӯзиши ҷанбаи иҷтимоиву ҳуқуқии имкони бекор кардани ҳукми қатл гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Мақсад аз лоиҳаи «Тадриҷан бекор намудани ҳукми қатл ва роҳандозии чорабиниҳои башардӯстона баъди ҷорӣ намудани манъи ҳукми қатл ё пурра бекор кардани он» иборат аз ҳифзи ҳуқуқҳои инсон бо роҳи тадриҷан аз байн бурдани ҳукми қатл ва рӯи кор овардани тадбирҳои башардӯстона дар чор минтақаи ҷаҳон аст. Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи лоиҳаи мазкур дар Осиёи Марказӣ 161 ҳазору 370 евро ҷудо кардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста