Фонди ҳомии ҳуқуқи Walk Free Foundation (WFF)-и Австралия рейтинги кишварҳо аз рӯи шумори нафаронеро, ки дар шароити ғуломӣ зиндагонӣ мекунанд, таҳия намуд.
Дар таҳқиқоти Global Slavery Index 2014 (Индекси ҷаҳонии ғуломӣ-2014) миёни 176 кишвари мавриди таҳқиқ қароргирифта Тоҷикистон зинаи 95-умро ишғол мекунад.
Зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон бо аҳолии беш аз 8,2 млн. нафар 29,5 ҳазор нафар (0,359%) дар ғуломӣ қарор доранд.
Тибқи маълумоти Global Slavery Index, ба сурати умум дар саросари ҷаҳон ҳудуди 35,8 млн. нафар дар ғуломӣ ба сар мебаранд.
Мақоми аввал дар рейтинг аз рӯйи ҳиссаи ғуломон аз шумори умумии аҳолиро Мавритания ишғол мекунад, ки дар он тибқи маълумоти Walk Free, ҳудуди 4%-и аҳолӣ (160 ҳазор нафар) дар ҳолати ғуломӣ зиндагӣ доранд. Зинаи дуюмро Ӯзбекистон –3,97% ва 1,2 млн. нафар аз шумори умумии аҳолӣ, ҷойи сеюмро Гаити – мутаносибан 2,3% ва 140 ҳазор нафар касб кардаанд.
Қазоқистон дар мақоми 93-юм (63 ҳазор нафар ғуломон), Қирғизистон дар зинаи 97-ум (21 ҳазор нафар ғуломон) ва Туркманистон дар ҷойи 98-ум (19 ҳазор нафар ғуломон) қарор доранд.
Гуфта мешавад, вазъи аз ҳама беҳтарин вобаста ба ғуломон дар Аврупо ва Зеландияи Нав ба қайд гирифта шудааст. Тибқи гузориш, дар ин кишварҳо фоизи ғуломон дар ҳудуди 0,13% аз шумори умумии аҳолӣ қарор дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи сатҳи муқовимати давлат ба ғуломӣ рейтинги беҳтарин насиби Нидерланд шуда, дар сафҳои аввали рӯйхат ҳамчунин кишварҳои дигари Аврупо ва ИМА шомил шудаанд.
Дар гузориш саҳеҳ гуфта мешавад, ки дар муайян кардани ғуломӣ натанҳо тариқи зӯроварӣ маҷбур кардан ба хизматгузорӣ, балки ҳамчунин маҷбур кардан ба никоҳ ва рабудани кӯдакон бо мақсади истифодаи онҳо дар амалиёти ҷангӣ низ ба инобат гирифта мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста