Бо ташаббуси якҷояи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали ташкилоти “ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркорпорейшн“ ва Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, нимаи моҳи ноябри соли равон рақами телефонии 3040 ба кор дароварда шуд, ки ҷиҳати зангҳо барои ҳамаи муштариёни кишвар ройгон аст.
Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, ба зангҳои дохила мутахассисони ҳуқуқшинос-машваратчиён, ки бо ҳама таҷҳизотӣ техникӣ таъмин ҳастанд, ҷавоб мегӯянд. Онҳо ба масъалаҳои ҳуқуқӣ оилавӣ, меросӣ, масъалаҳои замин, ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва самтҳои асосии фаъолияти Вазорати адлияи ва сохторҳои он рӯзҳои корӣ аз соати 08:30 то 17:30 машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд.
Нуқтаи операторӣ дар бинои Вазорати адлияи ҶТ ҷойгир аст. Махфияти муроҷиати телефонӣ барои муштариёне, ки арзу хохиш оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ доранд, таъмин гардида, муҳити муайяни пешниҳоди арзу шикоят озод аст. Зангҳои даромад барои аҳолӣ ройгон ва дастрас мебошад.
Лоиҳа ба ду давра тақсим шудааст. Давраи якум аз ноябри соли 2014 то декабри соли 2015-ро дарбар мегирад, ки фаъолияти хатти телефонӣ аз тарафи ташкилот-шарикон Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ва “ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркорпорейшн“ маблағгузорӣ карда мешавад. Дар аввали соли 2016 фаъолияти хатти телефонӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва ҳамоҳангсозии он аз ҷониби ин мақомот сурат мегирад.
Фаъолияти хатти телефонӣ аз тарафи тамоми операторҳои мобилӣ ки ба стандарти GSM дар Тоҷикистон ҷавобгӯ хастанд, дастгирӣ ёфта, тарофаҳои имтиёзнок барои пайвастшавӣ пешниҳод шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста