Дар чорабинӣ бахшида Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи инсон маросими тақдими ҷоизаҳои Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон доир гардид.
Дар номинатсияи «Барои саҳми арзанда дар пешбурди ҳуқуқи инсон» ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва шукуфоӣ» ба ҷоиза соҳиб шуд. Ин ташкилот дар самти ҳимоя аз ҳуқуқҳои гурезагони муқими Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Ба ҷоизаи «Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ» рӯзноманигори газетаи «Азия-Плюс» Ҳумайро Бахтиёр сазовор дониста шуд. Зикр гардид, ки соли 2014 як қатор мақолаҳои ҷасуронаи ӯ оид ба масоили сиёсиву ҳуқуқӣ ба нашр расиданд.
Ҳомии ҳуқуқ Дилрабо Самадова ба ҷоизаи асосӣ – «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол» шарафёб гардид. Тибқи назари Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон, ҷоиза ба ин ҳуқуқшинос барои ҷасорат ва истодагарӣ то охир дар мавқеи худ тақдим карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ҷоизаи «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол» соли 2009 таъсис дода шуда, то ин замон ташкилотҳои ҷамъиятии «Ампаро, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир, рӯзноманигорон Рамзия Мирзобекова, Анора Саркорова, ҳуқуқшиносон Сергей Романов, Татяна Хатюхина, Шуҳрат Қудратов ва Ойниҳол Бобоназарова ба дарёфти он сазовор гардида буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Махмудчон12 декабр, 2014 10:14
Муборак бошад, хохарчон! Шумо сазовори аз ин бештар хам хастед ва худованд бароятон умри дарозу тани сихат ва комебихои пайдарпай насиб гардонад.. Ростй, аз ин хабар хело хушхол гаштем. Хамеша шоду муваффак ва комёбу хандон бошед.