Рӯзи 16-уми январ ҳукумати Тоҷикистон бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон созишномаи генералӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатиро ба имзо расонид.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зери созишномаи мазкур нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҶТ Муродалӣ Солеҳ ва раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Азизбек Шарифов имзо гузоштанд.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими имзои созишнома таъкид шуд, ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ яке аз шартҳои муҳими таъмини инсон бо кафолатҳои иҷтимоӣ ҳамкории ҳукумат бо иттифоқҳои касаба ва корфармоён аст.
Зимнан зикр гардид, ки дар маросими имзои созишномаи генералӣ аъзои комиссияи сеҷонибаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Тоҷикистон, ки аз шумораи баробари намояндагони се ҷониб иборат аст, ҳузур доштанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста