Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор дошт, ки аз замони боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов ин қазияро пайгирӣ дорад, вале ба андшеаи ӯ, «ҳаллу фасли ин қазия комилан дар салоҳияти суд аст».
Имрӯз зимни нишасти хабарӣ Омбудсмен ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон Суди олӣ шикояти таҷдиди назари Раҳматилло Зойиров, адвокати маҳкумшуда Шуҳрат Қудартовро мавриди баррасӣ қарор додааст. «Мо ҳам бетараф буда наметавонем ва ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ваҷҳу далелҳои дар шикоят овардашудаи Зойиров аз ҷониби суд ҳамаҷониба мавриди барррасӣ қарор гиранд», - қайд кард Ализода.
Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки Суди олӣ зимни баррасии шикояти кассатсионӣ қарори мунсифона содир мекунад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон суди шаҳри Душанбе адвокат Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ манъ карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Пажуҳишгоҳи ҳуқуқи инсони Ассотсиатсияи байнулмилалии ҳуқуқшиносон (IBAHRI) дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати адвокати тоҷик Шуҳрат Қудратов нигаронӣ изҳор намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста