Директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов дар шарҳи дастури прокурори генералӣ оид ба ифшо нагардидани ному насаби гумонбаршудагон то анҷоми мурофиаи судӣ, изҳор намуд, ки иқдоми мазкур метавонад танҳо ҷанбаҳои мусбат дошта бошад, ба ҷуз ягона истисно, ки дар қонунгузории мо мафҳуми «манфиати ҷамъиятӣ» вуҷуд дорад.
«Бар ин назарам, ки на ҳамаи парвандаҳои ҷиноиро мебояд таҳти назари ин иқдоми Прокуратураи генералӣ ҳаллу фасл намуд. Ин ҷо ба парвандаҳои ҷиноӣ нисбати ноболиғон бояд афзалият дода шавад, ки ному насаби онҳо яқинан набояд зикр гардад», - мутмаин аст ҳомии ҳуқуқ.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки аз нигоҳи таҷрибаи байнулмилалӣ чунин шуморида мешавад, ки «танҳо манфиати ҷамъиятӣ метавонад комилан ба ифшои ному насаби гумонбаршудагон (айбдоршавандагон) то содир шудани ҳукм боис гардад».
Ӯ хотиррасон намуд, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Эзоҳоти Тартиботи умумӣ ба моддаи 19-и Аҳдномаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон низ иштирокчии он аст, қайд мекунад, ки «бо мақсади амалисозии пурсамари ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот, кишварҳои иштирокчиро зарур аст, ки бо тартиботи афзалиятнок ба маълумоти ҳукумат, ки манфиати ҷамъиятиро дорост, бояд дастрасии васеъро таъмин намоянд».
Сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршед Атовуллоев бар ин назар аст, ки аз нигоҳи авал ин талабот ба таъмини эҳтимолияти бегуноҳӣ нигаронида шудааст. «Аммо агар бодиққат ба дастур назар андозӣ, маълум мешавад, ки ҳадафи аслии он аз байн бурдани «сарусадоҳо» дар робита ба боздошти ин ё он шахс аст», - иброз дошт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста