Гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак»-ро таҳия намуд.
Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки лоиҳаи қонун бо тамоми вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа шуда, ояндаи наздик ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод мегардад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъсиси ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таҳия шуда, дар он тартиби таъин ва аз кор озод шудани ваколатдор, ҳуқуқу шаклҳои фаъолияти ин ниҳод барои ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдакон дар ҷумҳурӣ муайян карда мешавад.
Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ президенти мамлакат таъин мекунад. Шахси ба ин вазифа таъиншуда дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон савганд ёд мекунад.
Ёдрас мекунем, ки дар паёми худ ба парлумон рӯзи 23 январи соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд, ки ба хотири таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, дар ҷумҳурӣ ниҳоди Ваколдатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон таъсис дода шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста