Тибқи нақшаи кори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-19-уми августи соли ҷорӣ сафари кории Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия сурат гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, мақсади асосии сафари корӣ ифтитоҳи Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин шаҳр буд. Ҳадаф аз таъсис додани Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин вилоят ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ҳамчунин З.Ализода дар кори Мизи мудаввар оид ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо иштирок ва суханронӣ намуд. Дар чорабинии мазкур Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Шабозов Иқболшо муаррифӣ гардида, ҳозирин барои мусоидат намудан ба фаъолияти ў изҳори омодагӣ намуданд.
Зимни сафар дидору мулоқоти З.Ализода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловск хонум Т.Мерзлякова, муовини Раиси ҳукумати ин вилоят Силин Я.П., роҳбарони диаспораи тоҷикони муқими ин вилоят ва муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста