Дар гузориши нави рушди сармояи инсонӣ дар саросари ҷаҳон ( The Human Capital Report 2015 ) Тоҷикистон зинаи 65-умро ишғол мекунад. Миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ, ки дар гузориш зикр ёфтаанд, танҳо Молдова (зинаи 71-ум) аз Тоҷикистон поинтар қарор дорад.
Гузориш аз ҷониби Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ дар ҳамдастӣ бо ширкати Mercer омода шудаааст. Дар ин таҳқиқоти ҳамасола ба кишварҳо аз рӯи нишондиҳандаи ҳамгиройӣ - шохис (индекс)-и сармояи инсонӣ баҳо дода мешавад. Дар он сатҳи зиндагӣ, саводнокӣ, мизони фарогирӣ ба таълим, дарозумрии аҳолӣ ва ғайра ба инобат гирифта мешавад. Ҳамагӣ 46 нишондиҳанда мавҷуд аст.
Тоҷикистон бо индекси 67,24 балл имсол миёни Чин ва Албания ҷойгир шудааст, ки мутаносибан мақомҳои 64 ва 66-уми рейтингро касб намудаанд.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг ҳамчунин Қазоқистону Қирғизистон низ ҳузур доранд, ки зинаҳои 37 ва 44-умро ишғол кардаанд.
Дар феҳристи мазкур Эстония зинаи 16-ум, Латвия - 18, Литва - 23, Русия - 26, Украина - 31, Арманистон - 43 ва Озарбойҷон зинаи 63-умро касб кардаанд.
Кишварҳои пешсафи рейтинг Финландия, Норвегия ва Швейтсрия дониста шуда, Яман, Чад ва Мавритания дар зинаҳои охир қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста