Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) изҳори нигаронӣ мекунад, ки Бузургмеҳр Ёров, адвокати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ, ки ба иттиҳоми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуд, метавонад мавриди шиканҷа ва рафтори бераҳмона қарор гирад.
Дар изҳороти рӯзи панҷшанбе интишоршудаи AI дар ин робита гуфта мешавад, айбномаҳо нисбати Ёров яқинан ангезаи сиёсӣ дошта, ҳадаф аз он маҳдуд сохтани дастрасии адвокат ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аст.
«Пас аз ҳабси фаъолони ҲНИТ давоми рӯзҳои 16-17 сентябр, рӯзи 28 сентябр кормандони ВКД Бузургмеҳр Ёровро, ки ҳимоя аз манфиатҳои чанде аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро ба уҳда гирифт, низ боздошт намуданд. Ӯ ба иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт гардид. Ин айбномаҳо ба ҲНИТ ва фаъолияти он алоқамандӣ надоранд, вале парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Ин ҳушдорест ба дигар адвокатҳо, то ки ҳимоя аз манфиатҳои фаъолони ҳизби фаъолияташ манъшударо ба дӯш нагиранд», - қайд мешавад дар изҳороти мазкур.
Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин аз он нигаронанд, ки «Бузургмеҳр Ёров таҳти таҳдиди шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона қарор дорад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои ба даст овардани баёнотҳои иқроршавӣ тез-тез аз он истифода мекунанд».
Amnesty International хотиррасон менамояд, ки бо ин амалҳо ҳукуматдорон Усул (Принсип)-и 22-и Усулҳои асосии СММ дар бораи нақши адвокатҳоро риоя намекунанд, ки дар он гуфта мешавад, ҳукумат хусусияти махфӣ доштани ҳама гуна муносибат ва машварат миёни ҳуқуқшиносон ва мизоҷони онҳоро дар доираи муносибатҳои касбии онҳо эътироф ва таъмин мекунад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 29 сентябр Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як маълумот адвокат Бузургмеҳр Ёровро ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд муттаҳам кард. Рӯзи дигар ВКД оид ба далелҳои нави қаллобии адвокат хабар дод. Санаи 1 октябр бошад, ВКД сабаби барканор шудани адвокат Бузургмеҳр Ёров аз кор дар мақомоти милисаро шарҳ дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста