Ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои Таҳлил роҷеъ ба ҷанбаҳои гендер, синну сол ва маъюбият дар лоиҳаҳои вобаста ба Коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мизи мудаввар баргузор намуд.
Ҳадафи чорабинӣ - саҳмгузорӣ ва таҳия намудани тадбиру тавсияҳо барои такмили муколама оид ба Платформаи нави миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хатари офатҳо тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №98 аз 1 марти соли 2012 мебошад.
Дар кори мизи мудаввар мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои маблағгузор, ҷамъияти шаҳрвандӣ, зиёиёну намояндагони кумитаҳои маҳалла ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
«Оксфам дар якҷоягӣ бо шарикони миллӣ ва байналмилалӣ барои омода намудани шахсони осебпазир дар мавриди вокуниши сареъ ба таҳдидҳои эҳтимолӣ кору фаъолият намуда, умедворем, ки муҳокимаи имрӯза боиси он мешавад, ки минбаъд масъалаҳои вобаста ба гендер, синну сол ва маъюбият ҳангоми банақшагирии лоиҳаҳои вобаста ба Коҳиш додани хатарот аз офатҳои табиӣ зиёдтар фаро гирифта хоҳанд шуд”,- гуфт Боян Колундзия Директори ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон.
Таҳлил дар доираи барномаи Оксфам оид ба Коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ гузаронда шуд, ки ин лоиҳа аз тарафи Барномаи Шӯъбаи кӯмаки башардӯстонаи фонди Комиссияи Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ ба маблағи умумии 420000 Евро (3030787 сомони) сармоягузорӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста