Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) ё худ Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи чоршанбе гузориши ҳамасолаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар 90 кишвари дунёро ба нашр расонид. Дар гузориш «бадтар» шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2015 қайд мешавад.
Ҳомиёни ҳуқуқи HRW зикр мекунанд, ки соли гузашта ҳукуматдорони Тоҷикистон Ҳизби пешрафтаи мухолифи кишвар (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - эзоҳи «Азия-Плюс»)-ро террористӣ эълон карда, фаъолияти ин ҳизб манъ ва ҳудуди 200 нафар фаъолони он ба ҳабс гирифта шуданд.
Ғайр аз ин, дар гузориш доир ба рабуда шудан ва истирдоди мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон аз кишварҳои дигар ва ҳамчунин таъқиб ва тарсонидани адвокатҳо, журналистон ва намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ сухан меравад.
Ҳамчунин муаллифони гузориш изҳор мекунанд, ки давоми сол ҳукуматдорони Тоҷикистон мунтазам дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии сершуморро қатъ мекарданд.
Илова бар ин, бо истинод ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар бораи чандин ҳолатҳои шиканҷа ва кирдори бераҳмона дар муассисаҳои боздошти пешакӣ ва зиндонҳои ҷумҳурӣ маълумот дода мешавад.
Дар хабари нашршуда дар ин робита дар сомонаи Радиои Озодӣ доир ба бахшҳои ин гузориш дар бораи Тоҷикистон маълумоти муфассалтар дарёфт карда метавонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста